Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷилавгирӣ аз фурӯши яхмоси ҷаълӣ дар Рашт


Маъмурони идораи “Тоҷикстандарт” дар водии Рашт дар ҷараёни як ташхиси саросарии дар арафаи моҳи Рамазон анҷомёфта аз як талоши ба фурӯш баровардани яхмоси ҷаълии гӯё воридотӣ ҷилавгирӣ кардааст.
Сафарбек Каримов, як масъули “Тоҷикстандарт” гуфт, қаллобон мехостанд яхмоси маҳаллиро дар либоси яхмоси хориҷӣ бо нархи гаронтар ба фурӯш бизананд.
“Тоҷикстандарт” аммо мегӯяд, ба фурӯш баровардани маҳсулоти ҷаълӣ ҷаримаи андакеро дар пай дорад, ки дафъаи аввал муодили ҳамагӣ 15 ҳадди ақали маош дар Тоҷикистон, яъне чизе дар ҳудуди 900 сомонӣ будааст.
XS
SM
MD
LG