Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори амрикоӣ ба додгоҳи Туркия эҳзор мешавад


Интизор меравад, имрӯз додгоҳи Истамбул сарнавишти хабарнигори амрикоии бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои ғайриқонунии курдӣ дар Туркия боздоштшударо таъйин кунад.
Қозӣ бояд маълум кунад, ки Ҷейк Ҳесс ҳамоно дар Туркия таҳти боздошт хоҳад монд ваё билофосила ихроҷ хоҳад шуд?
Ҳесс, ки рӯзи чоршанбе дар вилояти Диёрбоқир, дар ҷанубушарқи Туркия дастгир шуд, ба кӯмак ба ҳизби мамнӯъи коргарии Курдистон муттаҳам мешавад. Ӯ дар бораи масоили Курдистон мақола менавишт. Вакили мудофеъи Ҷейк Ҳесс гуфт, ки ӯ қаблан дар Итттиҳодияи ҳуқуқи башар, як созмони ҷонибдори курдҳо дар Туркия, ба ҳайси тарҷумон кор мекард, вале аз он ба баъд ҳамкорие бо ин гурӯҳ надошт.
XS
SM
MD
LG