Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯгоҳи атомии Бушаҳр ба кор оғоз мекунад


Русия ва Эрон ба тавофуқ расидаанд, нерӯгоҳи атомии Бушаҳрро, ки тавассути ширкатҳои русӣ сохта шудааст, рӯзи 21 августи соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор бидиҳанд. Ширкати «Росатом» бо эълони ин хабар гуфтааст, ки нерӯгоҳи мазкур барои оғоз ба кор омода аст.

Телевизони давлатии Эрон низ аз қавли раиси барномаи Бушаҳр аз ҷониби давлати Эрон, Маҳмуди Ҷаъфарӣ гуфтааст, корҳои санҷишӣ барои оғози фаъолияти ин нерӯгоҳ анҷом шуда ва нерӯгоҳи Бушаҳр омодаи баҳрабардорист.

Интизор меравад, ки маросими баҳрабардорӣ аз нерӯгоҳи Бушаҳр бо ширкати мақомоти Русия, аз ҷумла Сергей Кириенко, раиси ширкати «Росатом» ва эҳтимолан Сергей Шмадко, вазири нерӯи он кишвар баргузор шавад.

Маскав мегӯяд, тарҳи нирӯгоҳи Бушаҳр комилан ғайринизомист ва ширкаташ дар ин барнома мухолиф бо таҳримоти СММ нест.

Сохтмоне, ки 40 сол тӯл кашид

Сохтмони нерӯгоҳи атомии Бушаҳр дар 40 соли пеш, тавассути ширкати немисии Siemens оғоз шуда буд. Аммо дар соли 1979, ба думболи Инқилоби исломӣ дар Эрон сохтмони ин нерӯгоҳ мутаваққиф шуд.

Дар ибтидои даҳаи 1990 «Атомстройэкспорт», як ширкти давлатии русӣ ба идомаи сохтмони ин нерӯгоҳи атомӣ иқдом кард.

Сохтмони ин нерӯгоҳ дар соли 2007 мебоист ба анҷом бирасад, аммо ба далоили мухталиф, аз ҷумла камбуд дар саромягузории он чанд бор ба таъхир уфтод.

Эрон ва Русия борҳо якдигарро дар иҷро накардани аҳдашон дар иҷрои тарҳи сохтмони нерӯгоҳи Бушаҳр ва таъхир дар сохтмони он муттаҳам карда буданд.

Дар соли 2008 Русия сӯхти лозим барои нерӯгоҳи атомии Бушаҳро ба Эрон интиқол дод ва таҳти назорати Оҷонси байналмилалии нерӯи атомӣ нигаҳдорӣ мешавад.

Тибқи тавофуқи миёни ду кишвар, сӯхти истифодашуда дар нерӯгоҳи Бушаҳр бозпас ба Русия интиқол хоҳад шуд.

Таҳримҳо алайҳи Эрон


Нерӯгоҳи Бушаҳр дар ҳоле мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт, ки Шӯрои Амнияти СММ даври чоруми таҳримҳои худ алайҳи Эронро ҷорӣ намудааст.

Бо ҷорӣ кардани ин таҳримҳо, Шӯрои Амнияти СММ аз Эрон мехоҳад, ки фаъоляти ғанисозии уранро мутаваққиф кунад. Аммо Эрон ин қатъномаи Шӯрои Амниятро рад кардааст.

Ғарб нигарон аст, ки Эрон таҳти пӯшиши барномаи сулҳомези ҳастаӣ, қасди даст ёфтан ба таслиҳоти ҳастаиро дорад. Аммо Эрон ин даъворо рад мекунад ва мегӯяд, барномаи ҳастаияш сулҳомез ва дар ростои баровардани ниёзҳояш ба энержӣ ва масъалаҳои пизишкист.
XS
SM
MD
LG