Пайвандҳои дастрасӣ

Вискии садсолаи дар Антарктида ёфтшударо боз карданд


Имрӯз як қуттӣ вискии Шотландияро, ки ҳанӯз як аср муқаддам дар қабати яхи Антарктида пинҳон карда буданд, ниҳоятуламр боз карданд. Ин қуттии вискиро муҳаққиқи маъруф Сэр Эрнест Шаклтон ҳанӯз соли 2006 кашф карда буд.
11 шиша вискии шотландии навъи “Mackinlay's”-ро дар осорхонаи Кантерберӣ дар Зеландияи нав тайи чанд ҳафтаи охир ва бо эҳтиёти тамом об карданд. Тарзи сохтани чунин навъи машруб аз даст рафтааст ва шаробсозон бояд акнун бо истифода аз ин 11 шишаи ёфтшудаи “Mackinlay's” озмоиш кунанд, ки оё чунин вискӣ сохта метавонанд?
XS
SM
MD
LG