Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон гуфтааст, ки эҳтимол се фарди муттаҳам бо куштори афсарони амниятӣ дар вилояти Қундузи Афғонистон зодаи Тоҷикистон бошанд, вале бар пояи қонун дар бораи шаҳрвандии Тоҷикистон онҳо ҳаққи шаҳрвандиву ҳимояи ҳуқуқии ин кишварро аз даст додаанд.

Ба қавли мақомоти амниятии вилояти Қундуз, се тоҷики боздоштшуда узви Ҳаракати Исломии Узбакистон буда, рӯзи ҷумъаи шашуми август дар посгоҳи Сандуқсои ин вилоят дар куштори ду афсари амниятии афғон иштирок кардаанд.

Ҳамин тариқ, аз нуқтаи назари шаръӣ суоле боқӣ намондааст ё тавре мегӯянд: "террорист миллат ва ватан надорад".

Яъне мақомоти Афғонистон дар таҳқиқи ҳодисаву муҷозоти масъулони куштор дасти озод доранд.

Аммо дар ҳоле, ки масъала аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ пурра ҳал шудааст, яъне ин афрод, ки беш аз панҷ сол бо Тоҷикистон ва ё сафорати он дар кишвари хориҷӣ иртибот надоштаанд, аз шаҳрвандии Тоҷикистон маҳрум гаштаанд, аз нуқтаи назари башарӣ изҳороти мақомот суолҳои дигарро ба миён овард.

Гуфта мешавад, ки ин се нафари гумонбаршудаи даҳшатафканӣ солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар синни 3-4 солагӣ ба Афғонистон муҳоҷират кардаанд. Ба эҳтимоли зиёд ин муҳоҷират бо хоҳиши онҳо сурат нагирифт ва эҳтимолан онҳо на бо ихтиёри худ дар тамрингоҳҳои даҳшатафканон номнавис шуданд.

Ин ҳамон кӯдаконе буданд, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар қатори садҳо ҳазор нафар ватани худро маҷбуран тарк карданд. Ин кӯдаконро ҳамон тоҷиконе ба бало гирифтор карданд, ки баъдан аз тарбияи онҳо шона холӣ карда, ба дасти ифротгароҳову даҳшатафканони хориҷӣ таслим намуда буданд. Ин танҳо тифлоне нестанд, ки дар Афғонистону Покистон фаромӯш шудаанд.

Имрӯз дар сағирахонаҳои Русия низ ҳазорҳо тифлеро метавон пайдо кард, ки аз тарафи падарону модарони тоҷик ба ӯҳдаи ҳукумати Русия вогузор шудаанд ва дар ҳолатҳои бадтарин аз тарафи падару модари нохалаф ба қатл расидаанд.

Вақте ҷомеа ба ин тифлони бегуноҳ бераҳмиро раво дид, оё онҳо рӯзе дар паи интиқом нахоҳанд шуд? Оё сарпарасони шабеҳи Тоҳир Юлдош фардо ин тифлони фаромӯшшудаи Тоҷикистонро "бо супоришҳои хос" ба ватане, ки аз онҳо рӯй гардондааст, сафарбар нахоҳанд кард?

Ё он тифлони муйсар-сиёҳи сағирхонаҳои Русия ба воя расида, уқдаи худро аз муҳоҷирони кории муқими он кишвар нахоҳанд баровард?

Дар дохили кишвар низ кам нестанд кудаконе, ки "ба шарофати" ҷанги шаҳрвандиву муҳоҷирати корӣ аз дидору тарбияи падару модар маҳрум ба табаҳкорӣ даст задаанд. Агар бархурд ба инсон чунин бошад, пас рӯи исми онҳо низ ба осонӣ метавон хат кашид.

Аммо масъала зовияи дигар низ дорад. Дар байни он кӯдакони тоҷику тоҷикистоние, ки дар хориҷа ба сар мебаранд, имкон дорад, симоҳои барҷастаи асри 21 низ ба воя расанд. Эҳтимол Тоҷикистон ҳам аз шӯҳрати онҳо баҳрае бардошта тавонад.

Имрӯз садҳо ҳазор тоҷик ба хотири таъмини рӯзгор маҷбуранд, ки ба хориҷа, ба Русия, Аврупо, Осиё ва Амрико раванд, маҷбуранд, ки барои худ ва кӯдаконашон санади кишвари хориҷӣ гиранд, то кӯдаконашон аз таҳсилу тарбияи шарафмандона маҳрум нашаванд.

Онҳо нони худро бе Тоҷикистон ҳам пайдо мекунанд, вале бигзор ҳар яке аз онҳо, ки худро тоҷик меҳисобад, ҳар лаҳза имкони бозгашти озоду бидуни раводиди сафар ба ватанро дошта бошад. Бигзор рафта аз сафорати Тоҷикистон асноди тоҷик буданашро гирифта тавонад. Чаро не?

Чанде пеш як дӯсти эрониам шикоят дошт, ки наметавонад аз шаҳрвандии Эрон халос шавад. Ӯ зикр намуд, ки агар эронӣ маълумоти олӣ ва ё унвони илмӣ дошта бошад, ӯ ба ҳеҷ ваҷҳ аз шаҳрвандии худ маҳрум шуда наметавонад. Ҳатто агар сад сол аз Эрон берун бошад, ҳатто агар ҳеҷ гоҳ барои шиносномаи эронӣ муроҷиат накарда бошад ҳам барои ҳукумати Эрон ин фард эронӣ боқӣ мемонад ва ӯ ҳамроҳ бо фарзандонаш метавонад дар ҳар сафорати Эрон шиноснома бигирад.

Ин рафиқам ёдовар шуд, ки фақат дар ҳолатҳои истисноӣ ҳукумати Эрон метавонад дар бораи шаҳрвандии фарди алоҳида қароре қабул кунад, вале ӯ чунин ҳолатро дар ёд надорад.

Ҳамин гуна, то ҷое медонам, барои шаҳрвандии Исроил яҳудӣ ва ё дар оилаи яҳудӣ ба дунё омадани инсон кофист, ки ӯ шиносномаи ин кишварро касб кунаду аз шиносномаҳои дигараш ҳам маҳрум нашавад.

Мегӯянд, ватан ва волидонро намешавад интихоб кард. Онҳоро сарнавишт мушаххас ва таъин мекунад. Ва боз мегӯянд, "панҷ ангушти як даст баробар нест". Инсонҳо низ мухталифанд, ба касе зингдагӣ осон даст медиҳад, дигареро аз ҳалоҷӣ мегузаронад.

Волидон ҳамеша гуноҳи фарзандонро мебахшанд ва талош мекунанд, ки иштибоҳҳои онҳоро ислоҳ кунанд. Ватан ҳам модар аст.
Тоҷикистон модари ҳамаи мост ва набояд аз фарзандҳои гумроҳаш ба ин осонӣ даст бикашад ва сарнавишти онҳро печидатар кунад.

Оё имрӯз тоҷикон, парламент ва ҳукумати ин кишвар омода ҳастанд, ки мисли дигар миллатҳои қадимӣ ба фарзандони ин кишвар муносибат кунанд? Ё шояд фаромӯш кардани онҳо беҳтар бошад?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG