Пайвандҳои дастрасӣ

Рушди якдарсадии иқтисоди Аврупо


Омори расмии нашркардаи Евростат ҳокист, ки дар семоҳаи дуввуми соли ҷорӣ иқтисоди 16 кишвари узви минтақаи евро дар маҷмӯъ 1 дарсад рушд кардааст. Ин афзоиш асосан бо шарофати Олмон ба даст омад. Ин бузургтарин иқтисоди Аврупо дар семоҳаи дуввум 2,2 дарсад афзоиш доштааст, ки аз замони ба ҳам омадани ду Олмон дар соли 1990 натиҷае бесобиқа аст.
Вазири иқтисоди Олмон Райнер Брюдерле дар Берлин ба хабарнигорон гуфт: “Ин нишон медиҳад, ки тадобири давлат ҷиҳати афзоиши рушд кор медиҳад. Ин афзоиш ҳанӯз ба ҳадди мӯъҷиза нест, вале аз андозаи XL ба сӯи андозаи XXL роҳист. Содирот тавсиъа ёфта, сармоягузорӣ низ ба оҳистагӣ, вале пайваста боло меравад.”
Қаблан мизони рушди минтақаи евро дар ҳудуди 0,7 дарсад пешбинӣ мешуд. Аммо омори ниҳоии нашршуда баёнгари нисбат ба Амрико сареътар будани суръати рушди иқтисоди кишварҳои узви минтақаи еврост.
XS
SM
MD
LG