Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Далер Назаров дар Маскав консерт хоҳад дод


Овозхон ва оҳангсози шинохтаи тоҷик Далер Назаров ба наздикӣ бо як сафари ҳунарӣ ба Маскав хоҳад рафт. Хабаргузории “Авасто” аз қавли дафтари матбуоти сафорати Тоҷикистон дар пойтахти Русия хабар дод, ки Далер Назаров шоми 26 август дар толори консертии “Мир” як консерт хоҳад дод. Далер Назаров дар ибтидои солҳои 80 вориди саҳнаи эстрадаи тоҷик шуд ва феълан аз хушномтарин ситораҳои ҳунари эстрадии Тоҷикистон шинохта шудааст.
“Чак-чаки борони баҳор”, “Агар он турки шерозӣ”, “Мастам, мастам” ва “Рӯдакӣ” – чунин аст номгӯи нопурраи таронаҳое, ки Далер Назаровро маҳбубу маъруф карданд.
XS
SM
MD
LG