Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гейтс барои Клинтон маблағи бештар мехоҳад


Вазири дифоъи Амрико хостори “тағйири дидгоҳ” дар Конгресс дар масъалаи ироаи кӯмакҳои бештари шаҳрвандӣ ба Афғонистон шуд. Роберт Гейтс, ки дар Сан-Франсиско сӯҳбат мекард, манобеъи дар ихтиёри вазорати хориҷаи Амрико гузошташударо “ба гунаи риққатоваре ғайримутаносиб” хонд ва гуфт, як бахши мушкил бархӯрди Конгресс аст.
Гейтс гуфт, аъзои Конгресс 550 миллиард доллари барои соли ҷорӣ хостаи ӯро тасвиб карданд, вале аз 50 миллиард долларе, ки вазири хориҷа Ҳилларӣ Клинтон пурсид, чанд миллиардашро хат заданд. Раҳбари Пентагон гуфт, феълан дар Афғонистон ҳудуди 1000 нафар аз вазорати хориҷа ва USAID кор мекунанд, вале таваҷҷӯҳи бештар ба дипломатия дар стротежии Афғонистон низ, ба назари ӯ, “фавқулода муҳим” аст.
XS
SM
MD
LG