Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳори нигаронии амиқи Амрико аз таъқиби баҳоиён дар Эрон


Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон гуфт, Амрико амиқан нигарони бархӯрди Эрон бо ақалиятҳои мазҳабист. Рӯзи якшанбеи 8 август 7 тан аз раҳбарони мазҳаби Баҳоия ба 20 соли зиндон маҳкум шуданд. Хонум Клинтон дар як изҳорот гуфт, “Амрико ба тааҳҳудаш ҷиҳати дифоъ аз озодиҳои мазҳабӣ дар саросари ҷаҳон содиқ аст ва мо аз ҷомиаи баҳоиҳо дар Эрон фаромӯш накардаем.” Баҳоия, омехтае аз арзишҳои динҳои мухталифе, чун Ислому Масеҳият ва Буддоия, бузургтарин ақалияти мазҳабии ғайриисломӣ дар Эрон маҳсуб мешавад. Раҳбарони Баҳоия ҳанӯз дар моҳи майи соли 2008 боздошт шуда, имсол бо иттиҳомоте, чун ҷосусӣ ба нафъи хориҷиён, тавҳин ба Ислом ва ҳамкорӣ бо Исроил мурофиа шуданд.
XS
SM
MD
LG