Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"РТР-Планета" ба Тоҷикистон бармегардад?


Эҳтимолан пахши барномаҳои шабакаи телевизионии “РТР-Планета” дар Тоҷикистон аз сар гирифта хоҳад шуд. Муовини раиси кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон Абдураҳмон Абдуманнонов ба хабаргузории русии ИТАР-ТАСС гуфтааст, пахши барномаҳои ин шабакаи Русия ба далели қарзи ҷамъшудааш аз ширкати “Тоҷиктелерадиоком” қатъ шуда буд, вале акнун тавассути музокирот ҳама мавонеъи мавҷуд дар роҳи азсаргирии пахши барномаҳои “РТР-Планета” рафъ шудааст.
Аммо ӯ афзуда, ки тасмими ниҳоӣ дар мавриди ин масъала дар мулоқоти ҳафтаи ояндаи руасои ҷумҳуриҳои Русияву Тоҷикистон дар Сочӣ гирифта хоҳад шуд. ИТАР-ТАСС менависад, ки Дмитрий Медведев ва Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта низ ин мавзӯъро баррасӣ карда буданд.
XS
SM
MD
LG