Пайвандҳои дастрасӣ

Пахтачинӣ дар ҷануби Тоҷикистон оғоз ёфт


Дар чанд ноҳияи ҷануби Тоҷикистон, аз ҷумла Шаҳритӯсу Қубодиён ва Ҷиликӯл, пахтачинӣ шурӯъ шудааст. Вазорати кишоварзӣ аммо гуфтааст, мавсими пахтачинӣ расман аз 15 август оғоз хоҳад ёфт. Имсол дар Тоҷикистон дар майдони 164 500 ҳектар пахта кишта, нақшаи имсола 370 000 тонна муқаррар шудааст. Дар соли 2010 дар Тоҷикистон майдони кишти пахта беш аз 70 000 ҳектар коҳиш ёфта, таваҷҷӯҳ ба кишти ғалла баръакс бештар шуд. Дар замони Шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳарсол беш аз 900 000 тонна пахта ҷамъоварӣ мекарданд.
XS
SM
MD
LG