Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

2,2 дарсад рушди иқтисоди Олмон дар семоҳаи дуввум


Омори расмӣ ҳокист, ки иқтисоди Олмон, бузургтарини иқтисоди Аврупо, дар семоҳаи дуввуми соли ҷорӣ дар муқоиса бо семоҳаи аввал 2,2 дарсад афзоиш доштааст. Беҳбуди вазъи иқтисоди ҷаҳонӣ боиси афзоиши талабот ба содироти маҳсулоти сохти Олмон шуда, беҳтарин нишондиҳандаи пешрафт дар ду даҳсолаи охирро натиҷа додааст.
Иқтисоди Фаронса, дуввумин иқтисоди бузурги Аврупо, дар семоҳаи дуввуми сол 0,6 дарсад боло рафта, аммо иқтисоди бӯҳронзадаи Юнгон боз ҳам 1,5 фоиз пасрафт доштааст.
Омори умумии ҳамаи 16 кишвари узви минтақаи евро дар семоҳаи дуввуми имрӯз дертар эълон хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG