Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Варзишгарони ҷавони тоҷик – дар Олимпиадаи Сингапур


Варзишгарони ҷавони тоҷик дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон, ки аз 14-ум то 26-уми август дар Сингапур баргузор мешаванд, дар панҷ ришта - бокс, варзиши сабук (гурзандозӣ ва давидан ба масофаи 200 метр), гуштии озод, камонварӣ ва таэквон-до WTF ширкат хоҳанд кард.

Раҳбари ҳайати варзишии Тоҷикистон Наргис Набиева, сардори раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт: «Ба ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар ин бозиҳо 6 варзишгар - Баҳодур Қодиров дар риштаи гуштии озод дар вазни то 63 кг, Абдуқодир Баротов (гурзандозӣ), Сиёвуш Зуҳуров (бокс, вазни то 91 кг), Даврон Атобоев (варзиши сабук, давидан ба масофаи 200 метр), Кристина Зайниддинова (камонварӣ) ва Шукрона Шарифова (таэквон-до WTF, вазни то 44 кг) дохиланд.

Ҳоло аъзои ҳайати варзишии Тоҷикистон бо шумули 13 нафар дар Шаҳраки олимпӣ, ки дар яке аз ҷойҳои хушманзари шаҳри Сингапур ҷойгир шудааст, ба сар мебаранд. Дар ин шаҳрак барои варзишгарону мураббиён ва намояндагони расмии кишварҳои ширкаткунандаи бозиҳо тамоми шароит фароҳам аст. Дар шаҳрак биноҳои истиқоматӣ, ошхона, толору майдонҳои варзишӣ, маркази муолиҷа, ҳавзи шиноварӣ, китобхона, театр, марказҳои фарҳангӣ ва толорҳои компютерӣ мавҷуданд. Ҷамъомадҳои таълимиву тамринӣ, ба ғайр аз гуштии озод ва камонварӣ, дар ҳудуди шаҳрак баргузор мешаванд. Шаҳрак аз рӯи ранг ба ду минтақа тақсим шудааст. Ҳайати варзишии Тоҷикистон дар минтақаи рангаш сабз ҷой гирифтааст.

Шоми 13-уми август маросими кушоиши Шаҳраки олимпӣ ва қабули расмии варзишгарон доир хоҳад шуд. Мувофиқи нақша дар ин маросим мизбонон, ташкилкунандагони бозиҳо ширкаткунандагони мусобиқотро хуб пазироӣ карда, барояшон барномаи васеи фарҳангӣ пешкаш мекунанд. Инчунин мулоқоти олимпичиёни наврас бо варзишгарони машҳур, ба монанди Усейн Болт, Майкл Фелпс ва Елена Исинбоева дар назар аст».

Синни ширкаткунандагони нахустин Бозиҳои олимпии наврасон дар Сингапур вобаста ба навъи варзиш аз 14 то 18-сола муайян шудааст. Дар бозиҳо ҳудуди 3600 варзишгари беш аз 170 кишвари ҷаҳон аз рӯи 29 намуд қувваозмоӣ хоҳанд кард. Варзишгарон барои дарёфти 201 маҷмӯи мукофотҳо мубориза хоҳанд бурд.

Барномаи нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон ба барномаи Олимпиадаи соли 2012 дар Лондон мутобиқ шудааст.

Ба гуфтаи Наргис Набиева дар маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои олимпии наврасон, ки 14-уми август дар пойтахти Сингапур – шаҳри Сингапур доир мешавад, гуштигир Баҳодур Қодиров парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон интихоб шудааст.
XS
SM
MD
LG