Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши талфоти ғайринизомиён дар Афғонистон


Ба гуфтаи Созмони Миллали Муттаҳид, шумори афроди ғайри низомие, ки дар Афғонистон кушта ё захмӣ шудаанд, дар нимаи нахусти соли 2010 ба мизонни яксаввум афзоиш нишон медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки дар ҳамин муддат аз мизони талафоти ноши аз амалиёти низомии ИМА ва НАТО дар Афғонистон коста шудааст.

Талафон афзоиш ёфтааст

Омори талафоти ҷонӣ дар Афғонистон дар як гузориши шашмоҳаи тавассути «Барномаи ҳамкории Миллали Муттаҳид» барои
Афғонистон мунташир шудааст.

Бино ба ин гузориш, дар шаш моҳи нахусти соли 2010 мелодӣ, 1271 шаҳрванди афғон кушта шуда ва дар ҳудуди 2 ҳазор нафари дигар захмӣ шудаанд, ки ин омор нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 31 дар сад афзоиш нишон медиҳад.

Ҳайати аршади намояндагии Созмони Миллали Муттаҳид дар Афғонистон, рӯзи сешанбе дар Кобул бо ирояи ин гузориш онро як «Занги бедорӣ» номид.

Стефан Де-Мистуро, намояндаи СММ изҳор дошт, ин созмон аз ин, ки ҳазинаи инсонии ин даргири «Беш аз андоза ба дӯши ғайри низомиён қарор гирифта» нигарон аст.

Ба навиштаи ин гузориш, гурӯҳи Толибон ва неруҳои шӯриши боиси дар ҳудуди сечаҳор аз маҷмуъи ин талафот шудаанд.

Кудакон низ дар ҷумлаи қурбониёнанд

Ин дар ҳолест, ки ин гурӯҳҳо дар ҳамин муддат дар соли гузашта беш аз ниме аз талафотро боис шуда буданд. Гузориши шашмоҳаи СММ меафзояд, ки омили бештари маргҳо ва ҷароҳатҳо инфиҷори бомбаҳои канорҷодаи аст.

Дар ҳамин муддат теъдоди кӯдаконе, ки дар минтақаҳои набард ва ё дар асари ҳамлаи низомӣ кушта шудаанд 55 дар сад афзоиш доштааст.

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон ба низомиёни ғарбӣ ҳушдор додааст, ки талафоти ғайри низомӣ боиси тақвияти шӯриши зидди давлатӣ мешавад. Паймони НАТО дар манотиқи набарди худ муқарароти сахтгиронаеро барои маҳдуд кардани талафоти ғайри низомӣ эъмол кардааст.

Ба навиштаи гузориши СММ, эъдомҳо ва террори афрод таввасути неруҳои зидди давлатӣ дар Афғонистон тақрибан ду баробар шудааст.

Бо ин ки неруҳои пайкорҷӯ ахиран фаъолити худро дар устонҳои шимоли ин кишвар густариш додаанд, аммо бештари талафоти ғайринизомиён ҳамчунон дар ҷануби Афғонистон, яъне ҷое Толибон қудрати бештаре доранд, рух медиҳад.
XS
SM
MD
LG