Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳосили кишоварзӣ дар Русия хушк мешавад, сӯхтор идома дорад


Дар ҳоле, ки Русия талош дорад, сӯхторро дар минтақаи аслии ҳастаӣ фурӯ нишонад, президент Дмитрий Медведев гуфтааст, кишвараш дар гармои рекордӣ чаҳоряки ҳосили зироати худро аз даст додааст. Медведев гуфтааст, вазъи изтирориро дар Владимиру Воронеж, ва Марии Ел аз миён бардоштааст, вале вазъ дар чаҳор минтақаи дигар, дар Мордовия, Маскав, Нижний Новгород ва Рязан ҳамчунон печида боқӣ мондааст. Вай ҳушдор дод, ки бисёре аз ширкатҳои кишоварзӣ, ки чаҳоряки ҳосили худро аз даст медиҳанд, дар остонаи муфлисӣ қарор доранд.
XS
SM
MD
LG