Пайвандҳои дастрасӣ

Нахуствазири пешини Қирғизистон шартан аз ҳабс раҳо шуд


Игор Чудинов-нахуствазири собиқи Қирғизистон дирӯз баъд аз он, ки барои набаромадан аз қаламрави Қирғизистон қавл дод, аз зиндоне дар Бишкек озод шуд. Чудинов, ки дар солҳои 2007-2009 дар давраи раёсати ҷумҳурии Қурмонбек Боқиев мақоми нахуствазириро бар ӯҳда дошт, ҳафтаи гузашта худро ба мақомоти интизомӣ таслим кард, зеро вай дарак ёфта буд, ки барои боздошташ дастури расмӣ содир шудааст. То ҳол иттиҳомоти ворида ба Чудинов рӯшан нашудааст, вале гузоришҳо ҳокист, ки вай раҳбарии сандуқи рушди Қирғизистон барои солҳои 2009-2010-ро бар ӯҳда доштааст. Чудинов дар ҳабси хонагӣ боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG