Пайвандҳои дастрасӣ

Дар кӯҳҳои Фон ҷасади кӯнаварди Русияро пайдо карданд


Хабаргузории "Авеста" иттилоъ додааст, ки дар сислсилакӯҳҳои Фон воқеъ дар ноҳияи Айнӣ ҷасади Олег Алтман-кӯҳнаварди Русияро пайдо кардаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфтааст, ки ҷасади Алтман ба Душанбе интиқол дода шудааст ва он ба Русия фиристода мешавад. Ҳоло дар қаламрави ноҳияи Ҷиргатол дар шарқи Тоҷикистон ҷустуҷӯи Олег Монсар-кӯҳнаварди бедаракшудаи украинӣ идома дорад.
XS
SM
MD
LG