Пайвандҳои дастрасӣ

Пахши барномаҳои РТР дар Тоҷикистон оғоз мешавад?


Абдураҳмон Абдуманнонов-муовини аввали раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ба матбуот гуфтааст, имкон дорад дар Тоҷикистон пахши барномаҳои телевизиони "РТР-Планета"-и Русия аз сар гирифта шавад. Интизор меравад, ин масъала 18-ӯми август дар ҷараёни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев-руасои ҷамоҳири Тоҷикистону Русия дар Сочӣ баррасӣ шавад. Пахши барномаҳои шабакаи телевизионии "РТР-Планета" дар авоили соли 2009 қатъ шуда буд. Сабаби қатъи барномаҳо пардохт нашудани қарзи пахши барномаҳои телевизионии Русия ба Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон буд.
XS
SM
MD
LG