Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишманди озарбойҷонӣ аз зиндони Эрон раҳо шуд


Рашид Алиев-як донишманди озарбойҷонӣ баъд аз 2 соли зиндон дар Эрон раҳо шуд ва ба Боку-пойтахти Озарбойҷон баргашт. Вай дар Эрон ба ҷосусӣ муттаҳам шуда буд. Алиев соли 2006 ба Эрон сафар карда буд ва дар шаҳри Семнон дар ширкати саноъатии Электроникс кор мекард. Баъд аз ду соли кор дар ин ширкат вайро барои фиристодани маълумот дар бораи таҷҳизоти чармгарӣ ва барномаҳои электроникс ба Озарбойҷон муттаҳам ва ба се соли зиндон маҳкум карданд. Алиев баъд аз раҳоӣ аз зиндон ва баъд аз бозгашт ба Боку мустақиман ба вазорати адлияи Озарбойҷон бурда шуд ва ба вай имкон надоданд, ки бо рӯзноманигорон сӯҳбат кунад. Вале вай баъдтар телефонӣ бо бахши озарии радиои Озодӣ сӯҳбат кард. Вай гуфт, ки дар ӯро дар Теҳрон дар зиндони махфӣ нигаҳдорӣ мекардаанд ва дар ин зиндон сиёсатмадорон ва агентҳо низ будаанд.
XS
SM
MD
LG