Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон барои муҳоҷиронаш маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард


Ҳукумати Эрон барои бозгашти муҳоҷирони эронӣ ба Ватан маҳдудиятҳои нав муаррефӣ кард. Муҳаммад Шариф Маликзода-раиси Шӯрои Олии муҳоҷирони Эрон гуфт, эрониёне, ки дар хориҷ ба сар мебаранд, метавонанд ба сабабҳои академикӣ ба Ватан баргардаданд, вале танҳо баъд аз иҷозаи муассисаҳои зарурӣ. Аз Маликзода пурсиданд, оё муҳоҷироне, ки мушкили сиёсӣ доранд ва мехоҳанд ба Эрон баргарданд, дар Ватан ба мушкил рӯ ба рӯ нахоҳанд шуд? Оқои Маликзода гуфт, баъзе ниҳодҳо дар ин бора кори худро анҷом медиҳанд. Вай албатта бо бурдани номи ниҳод ё муассисаҳои зарурӣ ҳамон ниҳодҳои амниятиро дар назар дорад.
XS
SM
MD
LG