Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати як кӯҳнаварди рус дар кӯҳистони Фон


Кӯҳнавард 45-сола аз Русия, Олег Алтман, дар кӯҳҳои Фони ноҳияи Айнӣ аз шах афтода, дар маҳалли ҳодиса фавтидааст. Фоҷиа дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, ки дар кӯҳҳои Фон сар аз 25-уми июл сабқати алпинизми Авруосиё ҷараён дорад. Дар рафти он рӯзи 3-вуми август, кӯҳнаварди дигар, Светлана Колоскова аз кӯҳ афтода, китфи хешро шикаст. Дар ҳамин ҳол гурӯҳи наҷотбахши Кумитаи изтирории Тоҷикистон ду нафар аз кӯҳнавардони украиниро, ки ахиран дар наздикиҳои пиряхи Федченко, воқеъ дар шарқи Тоҷикистон, бенишон шуданд, пайдо кардааст. Кӯҳнаварди дуввуми украинӣ Алексей Никоненко ҳамроҳ бо гурӯҳи наҷотбахш аст ва онҳоро дар ҷустуҷӯи нафари севвум – Олег Монсар, ки гуфта мешавад, аз баландии 4500 метр афтодааст, раҳнамоӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG