Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди президенти Покистон аз манотиқи офатзада


Раисиҷумҳури Покистон Осифалӣ Зардорӣ имрӯз дар пайи ҳимояти хеш аз танқидҳои шадиди аҳолӣ марбут ба вокуниши ҳукуматаш ба обхезиҳои мудҳиш, аввалин бор аз манотиқғи офатзада дидан кард. Зардорӣ барои он ҳадафи танқидҳо қарор гирифт, ки бо вуҷуди фалокати густардаи башарӣ дар кишвараш сафари худро ба Аврупо лағв накард. Президенти Покистон дар ҳоле аз минтақаи Суккур дидан кард, ки сел дар ин ҷо ақиб нишастааст ва маркази ҳавошиносии Покистон аз эҳтимоли мавҷи дувуми обхезиҳо дар аёлати Панҷоб ҳушдор додаст. Ба гузориши Созмони Милали Муттаҳид, 14 миллион нафар аз обхезиҳо осеб дидаанд. Созмони Милал аз кишварҳои ҷаҳон даъват кардааст, барои кӯмак ба осебзадагон 460 миллион доллар ҷамъоварӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG