Пайвандҳои дастрасӣ

Аз фоҷеаи киштии зериобии ҳастаии “Курск” 10 сол сипарӣ шуд. Бар асари ғарқ шудани ин киштӣ 111 нафар сарбози баҳрнавард ҷон бохтанд. Бисёрии онҳо тайи чандин рӯз дар умқи чандсад метр дар зери баҳри Барентс чашм ба роҳи наҷот буданд.

Гурӯҳи наҷот дар ниҳоят ба умқи дарё ва дохили киштӣ расид, вале касе аз ин касеро зинда наёфт. Радиои Озодӣ дар робита ба солгарди садамаи киштии зериобии "Курск" бо Игор Курдин, раҳбари маҳфили баҳрнавардони шаҳри Санкт-Пебербург мусоҳибае орост.

- Тайи ин 10 соли гузашта аз ғарқ шудани киштии “Курск” чӣ тағйир ёфт?

- Албатта тайи даҳ сол дар флот тағйиротҳое шуданд. Чун ҳамеша беҳбудие, аммо боз ҳам на он қадар. Ҳар фоҷеа, ба хусус фоҷеаи киштии зериобии "Курск", ки 111 кушта бар ҷой гузошт, на танҳо эҳсосотро ба вуҷуд меоварад, балки ба тағйиротҳои амиқе дар Флоти ҳарбӣ - баҳрӣ сабаб мешуд. Оё ин шуд? Ман чунин фикр надорам ва он рӯзҳо ба ин расидем, ки дар умури наҷот дасткӯтаҳем. Мо хеле андеша кардем, ки оё кӯмаки хориҷиро қабул кунем. Ҳоло мо дар даҳсолагии ғарқи киштии "Курск" Ҷеффа Маккриди, он замон вобастаи низомӣ - баҳрии Британияи Кабирро даъват кардем, ки ёд дорам аз тариқи телефон мегуфт, Сергей мо пешниҳоди кӯмакро кардем, аммо касе бо ман намехоҳад дар ин замина сӯҳбат кунад. Пас аз яке аз гуфтугӯи мустақими мо дар яке аз шабакаҳои тевизионӣ дар ниҳоят ӯро пазируфтанд ва сӯҳбат карданд ва ҳамин тавр оғоз шуд. Ҳайати мо ба Бруссел сафар кард ва умури ҳамоҳангӣ мувофиқа шуд. Ҳамакнун Флоти ҳарбӣ - баҳрии Русия ба таври мунтазам дар тамринҳои марбут ба наҷоти киштиҳои ғарқшавандаи зериобӣ ширкат мекунад. Мисоли рӯшан, расо панҷ соли пеш шумо ёддоред фоҷиаи киштии AS-28 дар Уқёнуси Оромро, вақте, ки кӯмаки Британия пазируфта шуд, саривақтӣ буд. Чун дастгоҳи наҷотдиҳӣ тавассути ҳавопаймо ба соҳили Уқёнуси Ором аз сӯи Русия оварда шуд, амлиёт доир шуд ва одамон наҷот ёфтанд. Аммо мо дар бораи дастгоҳҳо ва киштиҳои наҷотдиҳӣ гуфта будем. Панҷ соли пеш ҳам дар Петербург, ман дар расми оғози сохтани киштии зериобии наҷотбахш ба номи Игор Белоусов ширкат кардам ва ҳоло омодагии ин кишти 10 дар сад бештарро ташкил медиҳад. Се киштии дигари наҷотбахш, ки ваъда шуда буд барои флоти ҳарбӣ - баҳрӣ бунёд шаванд, то ҳол сохтани онҳо шурӯъ нашудааст. Ба қарибӣ дар Северовиденск дар заводи Звёздочка ба раҳбарияти кишвар бо ифтихор як қаиқи наҷотдиҳиро намоиш доданд, вале қаиқи наҷотдиҳӣ ин киштии наҷотдиҳӣ нест ва танҳо киштии наҷотбахш ин «Пантера плюс аст, ки мо аз Британия харидорӣ кардем, Барои он Британия онро ба мо фурӯхт, ки онҳо ин киштиро кӯҳнашуда медонанд

- Ба сурати умум, сониҳаи “Курск” ба вазъи амнияти киштиҳои зериобӣ чӣ таъсире гузошт? Манзурам, системаҳои нави амниятӣ дар ин киштиҳо насб карда шуданд ё ҳанӯз на? Нақшаи ҷадиди ҳимояти киштиҳои зериобӣ таҳия шудаанд?

- Усулан, баъзе корҳо, аз ҷумла системаи тақвиятдиҳии қаиқҳои насли чаҳорум. Аммо ин садамаҳо барои ин киштиҳо бе осоре тамом
нахоҳанд шуд. Дақиқ медонам, ки констукторони бюрои Малахит ва Рубин дар Петербург боназардошти садамаи "Курск" киштии муосиреро тарҳрезӣ доранд. Дар мавриди ҳимояи иҷтимоӣ ман ба шумо ёддоварӣ мекунам, ки дар яке аз гуфтугӯҳои мустақими телевизионӣ яке аз занони маллоҳи киштии "Курск" ба президенти Русия муроҷиат карда ва гуфта буд, ки мехоҳад маоши шавҳарашро барои даҳ соли оянда бигирад, то ду фарзандашро саробонӣ кунад ва президент низ пурсида буд, ки дарёнавардон чанд пул маош мегиранд. Гуфтанд, ки 6 ҳазор рубл, ки он замон ба 250 доллар баробар буд ва ин маоши командири киштӣ буд, на маллоҳи оддӣ. Ва он замон президент гуфта буд, ки ба он зан маоши шавҳарашро диҳанд. Албатта, ба ҳама як хел маблағро тақсим карданд. Вале хонаводаҳое буданд, ки ба ғайр аз модару падар, бародару хоҳар ва ҳатто фарзанд ҳам доштанд. Ҳоло маоши командири киштии атомии зериобӣ ҳудуди 90 ҳазор рублро ташкил медиҳад ва худатон ҳисоб кунед бо доллар чӣ қадар мешавад. Командир бо ин қадар маблағ, ки барои таҳсил ба Академия меравад ва маоши вай 15 – 18 ҳазор мешавад. Дар ҳоле, ки вай ба зинаи баландтар меравад. Барои ҳамин ҳеҷ як командир намехоҳад аз курсиаш биравад, балки мехоҳад командир бимонад

- Таъсири вокуниши мақомот, аз ҷумла вокуниши Владимир Путин чӣ гуна аст? Он посухи маъруфи Путин ба ин суолро, ки бо “Курск” чӣ шуд?” ҳатман ёд доред, ки хунсардона гуфта буд, “Вай ғарқ шуд”

- Агар ба Путин гузориш доданд, ки ҳама хуб аст, амалиёт сурат мегирад ва ҳеҷ гуна кӯмак лозим нест, пас ин ба маънии саҳл гӯем, ба гумроҳӣ бурдан аст. Аммо шояд давлат дигар системаи назоратро низ дошта бошад, то бисанҷад, на ин ки ба сухани низомиён бе ҳеҷ чӣ бовар кунад. Ба қариби пойгоҳ оташ гирифт. Мо гуфтем, ки ман на ман ва пойгоҳ низ аз ман нест. Аммо баъд аз чанд рӯз маълум шуд, ки ин пойгоҳи мост. Ин хеле ба ҳолати Курс монанд аст ва дар ин робита дар муддати даҳ соли ахир вазъ хеле кам тағйир кардааст.
Тафтишот анҷом гирифт ва қарор ҳам қабул шуд, ки касе мушахассан гунаҳгор нест ва парванда баста шуд, мо ба вакили мудофеи маъруф Борис Кузнесов муроҷиат кардем. Вай манофеи 55 нафар хонаводафҳои куштаушада дар садамаи Курскро намояндагӣ кард ва тамоми проседураҳои ҳуқуқиро тай кард Аммо вақте, ки шикояти ӯ бо ҳама далоил рад шуд, Кузнесов аз номи яке аз пайвандони маллоҳи кушташуда ба Додгоҳи Страсбург муроҷиат кард. Парванда барои баррасӣ қабул гардид ва пас аз як сол зимни муҳокима ҳама далоили овардашудаи шикоят тасдиқ шуд. Аммо вақте, ки хабари натиҷаи баррасии парвандаро ба хеши маллоҳи кушташуда расонданд, вай пас аз чанде шикояташро пас гирифт. Сабабҳои ин иқдом барои ман ва вакили мудофеъ Кузнесов маълум нест ва пурсиданро низ раво намедонам.

Ба ҳамин тартиб, аз лиҳози ҷанбаҳои ҳуқуқӣ додгоҳи Страсбург парвнадро баста кард. Аммо таҷрибаи қонунгузории мо «дар сурати такрор шудани ҳолати мушобеҳ» метавонад ба ин масъала баргардад. Барои мисол, чунин маврид дар охири соли 2001, ҳангоме, ки додситони кулл парвандаеро болои мизи Сарфармондеҳи Олӣ гузориши мустақилеро, мутааллиқ ба, ҳоло исми вай маълум аст, ин ноиби адмирал Ризансевро гузошт, ба вуҷуд омад. Ризансев, аз аъзои комиссияи ҳукумати барои таҳқиқи қазияи Курск буд, вале ин гузориш таҳқиқи мустақилонаи вай буд. Агар иштибоҳ накунам 25 ноябр ин гузориш тавассути додситони кулл Устинов дар болои мизи президент гузошта шуд ва се соат баъд фаромни барканории 17 нафар аз адмиралони Флоти Шимол ва Ситоди Флоти ҳарбӣ - баҳрӣ содир гардид. Дар фармон омада буд, барои саҳлангорӣ дар омодагии низомӣ, аммо "Курск" зикр нашуда буд. Бале "Курск" ғарқ шуд, мумкин ҳоло барои касе ин посухи рӯбинона аст

- Пайвандони маллоҳони кушташуда ба Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар дар Страссбург шикоят бурдаанд. Ин қазия феълан ба
куҷо расидааст?

- Дар бораи "Курск" китобҳо нашр шуданд ва мешаванд. Болои мизи ман низ китоби зиёде дар бораи "Курск" аст. Дар ин бора адмиралон, консктрукторон ва ҳамчунин одамони ғайр менависанд. Ҳар кас фарзияи худро меорад. Имрӯз ду фарзия боқӣ мондааст. Ҳама медонанд, ки дар "Курск" чӣ рух дод, пас аз таркиши ба вуҷудомада, албатта одамон кушта шуданд. Вале суоли аслӣ ин аст, ки аз чӣ сабаб таркиш ба амал омад Шояд таъсири беруна, ё ба маънии дигар бархурд бо киштии хориҷӣ буд ва ё ин бар асари вазияти техногенӣ буд.

Додситон Устинов дар китоби худ менависад, ки онҳо аз ИМА хотсанд, то дар мавриди мавҷудияти киштиҳои зеризобияшон ба ҳангоми садамаи "Курск" шарҳ бидиҳанд. Аммо амркиоиҳо ба ин посух надоданд. Ман низ инро тавассути нома бо дархости пайвандони маллоҳони "Курск" аз президенти Амрико Ҷорҷ Буш пурсидам. Дар ҷавоб аввал ҳамдардӣ баён карданд ва баъдан моро мутмаин сохтанд, ки киштиҳои Амрико дар фоҷеаи "Курск" даст надоранд. Албатта, мо наметавонем бигуем, ки мо ба ин ҷавоб бовар дорем. Мо ба касе бовар надорем. Таҳқиқоти обективона то ҳол анҷом нашудааст. Ҳеҷ гуна осори садама вуҷуд надорад. Албатта хеле осон аст, гуфт, ки амрикоиҳо дар ин қазия даст доранд. Вале далели собит вуҷуд надорад

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG