Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳо аз молиёти аксизӣ ба телефонҳои ҳамроҳ


Палатаи бозаргонии Амрико дар Тоҷикистон аз эҳтимоли таъини молиёти аксизии 3-дарсадӣ барои истифода аз телефонҳои ҳамроҳ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст. Ин тарҳро Вазорати молияи Тоҷикистон пешниҳод кардааст ва қарор аст, он дар парлумон баррасӣ шавад. Фирӯза Раҳимова, мудири иҷроии Палатаи бозаргонии Амрико дар Тоҷикистон мегӯяд: "Андози аксизӣ аз маводҳои зараровар ба ҷомеа ва табиат, ба мисли сӯзишворӣ, нӯшокиҳои спиртӣ ва тамоку ситонида мешавад. Вале Тоҷикистон талош дорад, телефони ҳамроҳро низ чун моли зараровар андозбандӣ кунад." Палатаи бозаргонии Амрико мегӯяд, ташаббуси аксиз барои телефони ҳамроҳ боиси болоравии нархи хидматрасонии ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG