Пайвандҳои дастрасӣ

Зуҳури Оштиёнӣ дар телевзиони Эрон


Зани эронӣ, ки ба сангсор маҳкум шуданаш эътирозҳои байнулмилалиро ба бор овардааст, дар телевизиони давлатии Эрон намудор шуд ва зоҳиран ба гуноҳи хеш иқрор кард. Сакина Муҳаммадии Оштиёнӣ гуфт, марди ошнои ӯ пешниҳод кард, шавҳарашро бикушанд ва ӯ иҷоза дод, ин ҷиноят ба вуқӯъ пайвандад. Оштиёнӣ қаблан иттиҳоми зиногариро рад карда буд. Аз он ҷо ки рӯи он дар телевизион рӯшан намоён набуд ва гуфтораш аз озарӣ ба форсӣ тарҷума мешуд, озмуни ҳувияти зан номумкин дониста шудааст. Инчунин эҳтимол меравад, иқрори ӯ зери шиканҷа сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG