Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тетис Петролиум" дар Тоҷикистон 17 миллион $ сарф хоҳад кард


Ширкати канадагии "Тетис Петролиум" эълом доштааст, ки дар давоми имсол ба таҳқиқи захираҳои газ ва нафти Тоҷикистон 17 миллион доллар сарф хоҳад кард. Мудири кулли намояндагии ин ширкат дар Тоҷикистон, Муҳаммадназир Шарифов ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтааст, аммо барои дастёфт ба натиҷаҳои аввалини ҷустуҷӯи нафту газ дар Тоҷикистон 5-6 соли дигар даркор аст. Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон, Ширкати "Тетис Петролиум" барои таҳқиқи 56 захираи эҳтимолии нафту газ дар ҷанубу ғарби кишвар иҷозаи расмӣ гирифтааст.
XS
SM
MD
LG