Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз чаҳор як ҳиссаи ғаллаи Русия нобуд шудааст


Раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев имрӯз гуфт, хушксол ва гармову сӯхтори бесобиқа дар кишвараш аз чаҳор як ҳиссаи ҳосили гандумро нобуд кардааст. Дар мулоқот бо гурӯҳе аз кишоварзон ва тоҷирони ғалла дар ҷануби Русия, Медведев гуфт, кишвараш бояд дар мубориза бо пайомадҳои хушксол иттиҳод нишон диҳад ва чораҳои ба эътидол овардани бозорро фикр кунад. Вай ҳамчунин аз поёни вазъи фавқулода дар се минтақаи Русия хабар дод. Пештар Маскав аз 15-уми август то пооёни сол судури ғаллаи худро ба хориҷа манъ карда буд.
XS
SM
MD
LG