Пайвандҳои дастрасӣ

Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дини ҳукумати Тоҷикистон дар мулоқот бо Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ, таъкид кардааст, ки “ҳадафи онҳо боздоштани наҳзатиён аз ибодату намоз нест", аммо мавқеъи Кумитаи дин дар бораи ҷилавгирӣ аз намозгузории дастаҷамъона дар қароргоҳи ҲНИТ қатъист.

Ӯ гуфт, наҳзатиҳо метавонанд озодона ибодат кунанд, вале на дар қароргоҳи ин ҳизб, балки дар ҳар масҷиди дигаре, ки расман ба қайди давлатӣ гирифта шудааст ва фаъолият мекунанд.

«Ҳадафи мо ин буд, ки бо ҳамдигар вохӯрем, маслиҳат кунем ва нофаҳмие, ки ҳаст, аз миён бардорем. Албатта, дар Тоҷикистон масҷидҳои зиёде ҳастанд. Зарурат бошад, масҷидҳои зиёде кушода мешаванд. Дар ин маврид мушкиле нест. Бино бар ин, аъзои ҳизб низ метавонанд, ки чун шаҳрвандони дигар дар масҷидҳо рафта тоату ибодат кунанд»,
-афзуд ӯ.

Ин сӯҳбати Муҳиддин Кабирӣ бо Абдураҳим Холиқов, дар қароргоҳи марказии Ҳизби наҳзати исломӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд ва ин ду танро намояндагони идораҳои интизомӣ, муовинони раиси ҲНИТ ва намоянда аз шӯрои уламои Маркази исломӣ ҳамроҳӣ мекарданд.

Агарчӣ дар оғози сӯҳбат ҷонибҳо нишон медоданд, ки дар ин дидор якдигарфаҳмӣ мекунанд ва масъаларо мешавад дар ҳамин ҷо ҳал кард, вале баъд аз чанд дақиқаи ин сӯҳбат рӯшан шуд, ки масъала ба ин ҳадде, ки онҳо фикр мекунанд содаву одӣ нест.

Муҳиддин Кабирӣ: "Иншооллоҳ, кор то ин ҷо нахоҳад расид ва ман фикр намекунам, ки Тоҷикистон аввалин кишваре шавад, ки намози мардумро манъ кунад. Чун ин корро Толибон карда буданд барои занҳо...»

Абдураҳим Холиқов: "Хоҳиш мекунам, шумо масъаларо нодуруст шарҳ надиҳед. Мо шуморо манъ намекунем. Озодона намозатонро бигузоред. Аммо дар ҷое, ки қонун манъ кардааст, нахонед...»

Мулоқоти раиси Кумитаи дин бо мақомоти ҲНИТ
Бо ин ҳарфи худ ҷаноби Холиқов расман ҳушдор дод, ки мавқеи Кумитаи дин дар масъалаи ҷилавгирӣ кардан аз намозгузории дастаҷамъона дар қароргоҳи ҲНИТ тибқи қавонини ҷории кишвар бетағйир аст.

Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон анҷоми ибодати дастаҷамъона дар қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломӣ, воқеъ дар маҳаллаи Борбади шаҳри Душанберо ғайриқонунӣ унвон карда ва намозгузории гурӯҳе аз аъзои ин ҳизб дар мавзеъро мухолиф ба қонуни нави дин донист.

Абдураҳим Холиқов, ки дар сӯҳбаташ бо Муҳиддин Кабирӣ динро аз давлат ва ҳамчунин аз ҳизбҳои сиёсӣ ҷудо шуморид, гуфт, бо вуҷуди ин ки ҲНИТ як ҳизби динии сиёсӣ аст, вале наметавонад дар қароргоҳаш ибодатгоҳ дошта бошад.

Ин ҳарфи раиси Кумитаи дин, ки аз тарафи намояндагони ҲНИТ ба унвони манъи наҳзатиён аз намозгузорӣ дар қароргоҳи ҳизбашон талаққӣ мешуд, хашми онҳоро ба бор овард, вале тавре худи онҳо низ гуфтанд, хешро як ҷониби сулҳи тоҷикон дар соли 1997 медонанд ва то ин дам ҳама фишору сӯи тафоҳумҳоро ба хотири ин сулҳ таҳҳамул карданд. Онҳо гуфтанд, ки намояндагони давлат, бахусус, мақомоти Кумитаи дин набояд аз ин таҳаммули онҳо истфода кунад.

Ҳамин тавр, ба назар мерасид, ки идомаи баҳс тундтар мешавад ва ба хотири ҷилавгирӣ аз сӯйи тафоҳумҳо Муҳидидин Кабирӣ пешниҳод намуд, то баҳс дар масъалаи ибодати дастаҷамъона дар қароргоҳи ҲНИТ то анҷоми моҳи Рамазон мавқуф гузошта шавад.

Тафсилоти бештар:

Кумитаи дин: Масҷиди ҲНИТ ғайриқонунӣ аст

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG