Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ошпази Усома бин Лодин ба 14 соли зиндон маҳкум шуд


Додгоҳи ҳарбии Иёлоти Муттаҳида ошпаз ва ронандаи пешини Усома бин Лодинро ба 14 соли зиндон маҳкум кард. Вале ҳукми зиндони шаҳрванди Судон, Иброҳими Қозӣ метавонад, зимни як созиши махфӣ ба маротиб кӯтоҳтар шавад. Қозӣ дар муҳокимае, ки моҳи гузашта дар боздоштгоҳи Гуантанамо баргузор гашт, дар ҳамкорӣ бо шабакаи террористии Ал-Қоида ва имдоди модӣ ба терроризм айбдор дониста шуд.
XS
SM
MD
LG