Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи ширкати варзишгарони тоҷик дар Эрон


Дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба бодибилдинг ё бадансозӣ, ки дар Эрон баргузор шуд, Тоҷикистонро барои аввалин бор ду варзишгар – Азиз Азизов ва Фирдавс Дӯстов намояндагӣ карданд.

Толеъ Холназаров, раиси Федеросиюни пауэрлифтинг ва бодибилдингиТоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, ҳарду варзишгари тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Вале камтаҷрибагӣ ба онҳо имкон надод, ки ҷойҳои намоёнро соҳиб шаванд.

Азиз Азизов, қаҳрамони мутлақи Тоҷикистон, дар рақобатҳо дар вазни то 85 килограмм ҷои панҷумро касб кард ва бо ҷоизаи ҳавасмандкунӣ - ҷом мукофотонида шуд. Фирдавс Дӯстов бошад, дар вазни то 70 килограмм дар ҷои ҳаштум қарор гирифт.

Дар мусобиқаи қитъавӣ дар Теҳрон варзишгарони 27 кишвар ширкат доштанд. Дар ҳисоби умумидастаӣ Эрон ҷои аввал, Ироқ ҷои дуввум ва Чин ҷои севумро касб карданд.

Толеъ Холназаров иброз дошт, ки варзишгарони тоҷик дар мавриди дастгирӣ ёфтан ва пайдо кардани маблағи зарурӣ дар мусобиқаи қаҳрамонии бодибилдинги ҷаҳон, ки дар Ҳиндустон доир мешавад, ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG