Пайвандҳои дастрасӣ

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи бози қаҳрамонии кишвар оид ба гуштии камарбандӣ дар шаҳри Истаравшан бо касби 5 медали тилло, 6 нуқра ва 10 биринҷӣ дар ҳисоби дастаӣ ғолиб шуданд.

Муовини сардовари ин мусобиқа Сафар Тошмуродов ба радиои Озодӣ гуфт, мусобиқаи кушодаи ҷумҳуриявӣ бо ширкати 90 варзишгар аз Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Русия баргузор шуд.

Дастаи Узбакистон, ки як медали тило, як нуқра ва ду биринҷӣ гирифт, ҷои дуввумро азони худ кард. Русиягиҳо бо касби як медали тилло ва як биринҷӣ сеюм шуданд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ паҳлавонони тоҷик Ҳамро Умаров (60 кг), Муллоҳусейн Сафарзода (73 кг), Музаффар Акрамов (81 кг), Маҳмад Миров (100 кг) ва Самандар Эрназаров (+100 кг) ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд.

Дар ду вазни дигар Марсел Замаледдинови русиягӣ (66 кг) ва Ойбек Бердимуродови узбакистонӣ (90 кг) пирӯз шуданд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG