Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ал-Азҳар нақшаи сӯзондани "Қуръон"-ро маҳкум кард


Ниҳоди саршиноси суннимазҳаби ҷаҳон, Шӯрои олии Ал-Азҳар дар Миср нақшаи як калисои Флоридаро маҳкум кард, ки мехоҳад, рӯзи 11-уми сентябр маросими сӯзондани "Қуръон"-ро баргузор намояд. Шӯрои олии Ал-Азҳар калисоро ба "ангезиши нафрат ва табъиз" айбдор кард. Он аз дигар калисоҳои Иёлоти Муттаҳида хост, ин нақшаро маҳкум кунанд. Маркази равобити ҷаҳонии Доу нақша дорад, дар расми ёдбуди қурбониёни ҳамлаҳои террористии 11-уми сентябр, китоби муқаддаси мусулмононро ба оташ кашад. Соли гузашта калисои Гейнсвил, ки бар зидди ҳамҷинсбозон низ маърака пеш мебарад, пироҳанҳое тавлид карда буд, ки рӯяшон "Ислом кори шайтон аст" навишта шудааст.
XS
SM
MD
LG