Пайвандҳои дастрасӣ

Туркманистон бозгашти донишҷӯёнашро ба Ӯш намехоҳад


Мақомоти Туркманистон талош доранд, донишҷӯёни туркманро, ки дар Қирғизистон таҳсил мекарданд, аз бозгашт ба ин ҷо барои идомаи таҳсил боздоранд. Наздик ба 650 донишҷӯи туркман бар асари хушунатҳои байниқавмии моҳи июн дар ҷануби Қирғизистон шаҳри Уши ин кишварро тарк кардаанд. Мақомоти давлатӣ онҳоро даъват ва ба имзои аризаи ин ки ба Қирғизистон барнамгерарданд, маҷбур мекунанд. Соли гузашта даҳҳо донишҷӯ, ки бо пули Барномаи турманию амрикоии таҳсили олӣ дар Бишкек таҳсил мекарданд, бо фишори мақомот аз бозгашт ба Қирғизистон даст кашиданд. Аксари онҳо дертар таҳсилро дар Булғористон идома доданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG