Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдор аз мавҷи дувуми обхезиҳо дар Покистон


Маркази ҳавошиносии Покистон аз эҳтимоли мавҷи дувуми обхезиҳо дар аёлати Панҷоб ҳушдор дод. Раиси ин марказ Қамар-уз-Замон Чаудрӣ мегӯяд, "бадтарин сел дар таърихи Покистон" ҳанӯз ба поён нарасидааст. Вай афзуд, даҳ рӯзи оянда, ки селобҳо ба самти ҷануб мешоранд, сарнавиштсоз хоҳанд буд. Обхезӣ дар рӯди Чиноб ҳоло ба шаҳри Мултон, ки чоруним миллион аҳолӣ дорад, таҳдид мекунад. Ба гузориши Созмони Милали Муттаҳид, 14 миллион нафар аз обхезиҳо осеб дидаанд. Созмони Милал аз кишварҳои ҷаҳон даъват кардааст, барои кӯмак ба осебзадагон 460 миллион доллар ҷамъоварӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG