Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати омӯзишу парвариши Эрон таълими мусиқиро дар мактабҳои хусусӣ мамнӯъ эълон кард ва раҳбари олии Эрон, оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ гуфт, мусиқӣ набояд дар Эрон иҷро ва омӯхта шавад, зеро ба арзишҳои муқаддаси ислом созгор нест.

Исфандиёри Мунфаридзода, мусиқидон ва оҳангсози эронӣ дар Теҳрон мегӯяд, тасмимҳои нав дар ҳоле гирифта шуд, ки бе ин ҳам мусиқӣ зери назорати шадид қарор дошт: "Ин монеъ доим будааст, аммо ин рӯзҳо бадтар шуд ва ҳисси ман ин аст, ки ҳукумати динӣ ҳадаф дорад, бо фишор ё бо сухани хуш аз ҳунармандони мусиқӣ мехоҳад, ки кишварро тарк кунанд."

Ба ақидаи Мунфаридзода ва бархе аз коршиносони дигар, иқдоми мақомоти Ҷумҳурии исломии Эрон ба манъи мусиқӣ дар заминаи ҳароси сиёсӣ аз насли ҷавон гирифта шудааст. Макс Фишер дар маҷаллаи "Атлантик" менависад, "сарони Ҷумҳурии исломӣ бо ин сахтгирии тоза дар бораи мусиқӣ мехоҳанд, таваҷҷӯҳи эрониён ва махсусан насли ҷавонро аз масъалаҳои муҳимтар ва умдатари сиёсию нигарониҳои иқтисодӣ дар Эрон ба канор бикашанд."

Хоманаӣ мусиқиро ҳалол медонад


Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ҳоле амалан ба манъи мусиқӣ дастур додааст, ки ба гуфтаи машҳур дар Теҳрон, ки ҳаргиз расман тасдиқ ё рад нашудааст, худаш дар навохтани сетор дасту панҷае дорад. Шояд ба ҳамин сабаб аст, ки менависад Фишер, ин гуфтаҳои оятуллоҳ Хоманаӣ аз дили ӯ барнамехезад. Ва эҳтимол меравад, ки баъд аз як фишори сангин ба мусиқӣ дубора дари он боз хоҳад гашт ва ин иқдом гӯё ҳамчун каромоти раҳбарият дили ҷавононро шод хоҳад кард.

Ин ҳам ҷолиб аст, ки Хоманаӣ бархилофи як қатор сарварони мазҳабӣ, мусиқиро ҳаром эълон накард. Вай гуфт, "мусиқӣ ҳарчанд ҳалол аст, ба арзишҳои исломӣ ҳамсоз нест." Тарафдорони мусиқӣ низ мегӯянд, дар ҳеҷ ҷои "Қуръон" мусиқӣ ҳаром дониста нашудааст, вале як рӯҳонии тоҷик, домулло Баҳрулло бар ин аст, ки чунин ишора дар сураи "Луқмон" ҷой дорад ва дар он гуфта мешавад, ки мусиқӣ худоро аз ёди мардум дур мекунад.

Мусиқӣ ва ислом дар Тоҷикистон


Бархӯрди манфӣ ба мусиқӣ аз тарафи мусулмонони Тоҷикистон ҳанӯз дар ибтидои солҳои 1990-ум зимни даъватҳои манъи таронаву рақс дар арӯсиҳо ва иваз кардани онҳо бо ваъзу наът ё сӯҳбатҳо аз "Қуръон"- у "Ҳадис" садо додаанд. Баъд аз ҷанги солҳои 1992-1997-и Тоҷикистон чунин даъватҳо коҳиш ёфтанд, вале солҳои охир насли ҷавони исломгароёни тоҷик, ки ба интернет дастрасӣ доранд, дар паёмҳои худ мусиқиро ҳаром мешуморанд ва ҳунармандонро зери тозиёнаи танқид мегиранд. Яке аз овозхонҳои ҷавон мегӯяд, дар кӯча ба ӯ хитоб шудааст, ки агар тавба накунад, дар оташи дӯзах хоҳад сӯхт.

Овозхони саршиноси тоҷик, Давлатманди Хол мегӯяд, вай ба ин ақидаҳо, ки мусиқӣ ҳаром аст, розӣ нест: "Ба ақидаи ман, мусиқӣ ҳаргиз ҳаром набуд ва ҳаром нест. Вақте ки худои таъоло қолаби инсонро сохт, ҳарчанд кард, ҷон вориди он нагашт. Танҳо вақте садои мусиқӣ баланд шуд, ҷон ба тан даромад. Ё вақте ки паёмбари ислом ба Макка омад, ҳама ӯро дафзанон пешвоз гирифтанд."

Раиси бахши фатво дар Шӯрои уламои Тоҷикистон Қобилҷон Боев мегӯяд, мусиқӣ дар оятҳои "Қуръон" ба таври ғайримустақим ва ҳамроҳи шуғлу падидаҳои гуногун зикр ёфтааст. Вай меафзояд, Шӯрои уламои Тоҷикистон дар ин робита расман изҳори назар накардааст.

Идомаи баҳсҳо дар Эрони исломӣ


Тоҷикистон шояд ҳанӯз ба ин масъала мустақим ва дар сатҳи расмӣ барнахӯрдааст, аммо дар Эрон тайи 30 соли ҳокимияти исломӣ баҳсҳои тӯлонӣ идома кардаву фишор ба мусиқӣ гоҳ шиддат гирифтааства гоҳе коҳиш ёфтааст. Танҳо тарона ва рақси занон расман мамнӯъст, вале ахиран ширкати навозандагони зан дар консертҳо ба мушкил рӯбарӯ шудааст. Бархе аз рӯҳониёни аршади Эрон гироиши ислом ба мусиқиро дар шеваи азон ва навҳахониҳои ошӯро дидаанд.

Навҳахониҳои ошӯроӣ на танҳо бархе аз суннатҳои мусиқии эрониро ҳифз карданд, балки ба мусиқии попи имрӯзаи Эрон низ таъсир гузоштаанд.

Иштибоҳи сервер

Воооҳ, тавре мебинед, ин чизе нест, ки мебоист ба Шумо нишон медодем!

ин тор ба бахши фаннӣ фиристода мешавад ва фавран баррасӣ мегардад. Бахшиш мепурсем.

Лутфан тугмаи Ҷустуҷӯро барои пайдо кардани ин мавод пахш кунед



Манъ кардани бархе аз анвои мусиқӣ ё таронаҳои муайян дар кившарҳои ғарбӣ ҳам борҳо рӯй додааст. Соли 1954 яке аз сенаторони Амрико тарҳи қонунеро пешниҳод кард, ки қарор буд, пеши роҳи мусиқии фаҳшомезро бигирад. Ё дар соли 1968 баптистҳо талаб карданд, телевизиони мусиқии МТВ аз номгӯи шабакаҳои бепули давлатии аёлати Вирҷиния ихроҷ гардад. Ҳамин тавр таронаҳое барои таблиғи бехудоӣ, маводи мухаддир, зӯроварӣ, нажодпарастӣ ва монанди инҳо манъ гаштаанд. Аммо ягон бор бар зидди куллан мусиқӣ садо баланд нашудааст.

Рӯҳонии тоҷик Баҳрулло мегӯяд: "Ба қавли баъзе аз уламо тарона агар шаҳватангез набошад, ҷоиз аст."

Ва Қобилҷон Боев, раиси бахши фатво дар Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфт, манъ кардани мусиқӣ дар Тоҷикистон номумкин аст, зеро он ба торупуди зиндагии мардум пайванд гирифтааст ва дар ғаму шодии онҳо ҳузур дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG