Пайвандҳои дастрасӣ

Муовини нахуствазир ҳампаймонҳои хориҷиро танқид кард


Дирӯз Азимбек Бекназаров-муовини раиси ҳукумати Қирғизистон бо истифода аз як нишасти хабарӣ аз созмонҳои минтақаӣ ва байналмиллалие, ки Қирғизистон дар онҳо узвият дорад, интиқод кард. Бо ишора ба даргириҳои қавмӣ, ки дар ҷануби Қирғизистон миёни узбакҳо ва қирғизҳо дар моҳи июн рух дод, Бекназаров гуфт, Созмони Ҳамкории Шонгҳой ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъии кишварҳои мустақили ҳамсуд "баъд аз оғози ҳодисаҳои фоҷеаомез аз мо сарфи назар карданд". Вай гуфт, ки Қирғизистон аз роҳҳои расмӣ барои кӯмак ба ин ду созмон муроҷеа кардааст. Бекназаров ҳамчунин аз барномаҳои САҲА дар бораи фиристодани нируҳои пулис ба ҷануби Қирғизистон интиқод кард.
XS
SM
MD
LG