Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико амалиёти ҷангӣ дар Ироқро ба поён мебарад


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико изҳори қаноатмандӣ кард, ки Амрико амалёти ҷангии худро дар Ироқ то охири моҳи ҷорӣ
ба поён мебарад ва нақшаи хуруҷи нируҳояш аз ин кишварро то поёни соли 2011 иҷро хоҳад кард. Обама бо Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷа, Роберт Гейтс-вазири дифоъ, Ҷеймс Ҷонз-мушовири амнияти миллӣ ва аз тариқи видио бо генерад Рей Одиерно-фармондеҳи нируҳои Амрико дар Ироқ мулоқот кард. Мушовири амнияти миллӣ ва фармондеҳ Одиерно ба раиси ҷумҳур дар бораи чигунагии хуруҷи нируҳои Амрико аз Ироқ гузориш доданд. Ба раиси ҷумҳур ҳамчунин дар бораи талошҳои номуваффақи ташкили ҳукумат дар Ироқ баъд аз панҷ моҳи баргузории интихобот дар он кишвар маълумот дода шуд. Одиерно гуфт, вазъ дар Ироқ ҳамчунон беҳбуд меёбад ва нируҳои Ироқ омодаанд масъулияти амният дар кишварашонро бар ӯҳда бигиранд.
XS
SM
MD
LG