Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Узбакистон таъхири вагонҳои Тоҷикистонро рад кард


Сафорати Узбакистон дар Душанбе боздошти вагонҳои бору колои Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистонро рад кард. Сафорат ба хабаргузории Регнум Новости гуфтааст, бо вуҷуди талошҳои кормандон ва мақомоти ширкати "Узбекистон темир йуллари" барои ирсоли вагонҳои транзитии Тоҷикистон мақомоти расмии Тоҷикистон ҳамчунон бардурӯғ Узбакистонро муттаҳам мекунанд, ки вагонҳоро нигоҳ медорад. Сафорат гуфтааст, вагонҳо аз истгоҳи Кудуқлӣ ва Бекобод ба вилояти Суғд бидуни таъхир ҳаракат мекунанд. Вале дар қисмати роҳи Амузанг-Термез ба сабаи бориши боронҳои зиёд ва корҳои таъмир дар ҳаракти қаторҳо таъхир пеш омадааст.
XS
SM
MD
LG