Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз амалиёти наҷоти кӯҳнавардон оғоз мешавад


Қарор аст имрӯз дар кӯҳистонҳои Бадахшони Тоҷикистон дар минтақаи Девлохон амалиёти наҷоти кӯҳнавардони Украина оғоз шавад. Қарор буд , бо кӯмаки вазорати умури изтирорӣ ва вазорати дифои Тоҷикистон ин амалиёт дирӯз оғоз шавад. вале ба сабаби набуди пилоти чархбол амалиёт ба имрӯз мавқуф гузошта шуд. Як ҷаҳонгарди украинӣ бо номи Олег Монсар аз қулла сарозер шудааст ва ду нафари дигар, ки вайро ҳамроҳӣ мекарданд, ӯро чанд рӯз ҷустуҷӣ карданд, вале натиҷа ба даст наомад ва худи онҳо низ раҳгум задаанд ва маводи ғизоиашон тамом шудааст. Онҳо низ дар баландии 4 600 метр аз сатҳи баҳр дар ҳолати яъсу навмедӣ қарор доранд.
XS
SM
MD
LG