Пайвандҳои дастрасӣ

Русия мушакҳои худро дар Абхозистон мустақар кард


Генерал Александр Зелин-фармондеҳи нируҳои ҳавоии Русия гуфт, кишвараш дар минтақаи ҷудоихоҳи Абхозистон 300 адад мушаки навъи S-300-и дифои ҳавоӣ мустақар кардааст. Зелин гуфтааст, нируҳои мушакӣ як ҷо бо системи дифои зидди ҳавоии артиш фаъолият мекунанд, то дифои зидди ҳамлаи ҳавоии ҳавопаймоҳоро дар қаламравҳои Абхозистон ва Асетияи Ҷанубӣ таъмин кунанд. Вай ҳамчунин гуфт, дар қаламрави Асетияи Ҷанубӣ навъҳои дигари таҷҳизоти дифои ҳавоӣ мустақар шудаанд. Вазорати корҳои хориҷаи Гурҷистон аз ин иқдоми Русия интиқод кард.
XS
SM
MD
LG