Пайвандҳои дастрасӣ

Клинтон аз Сенати Амрико тасвиби Паймонро хост


Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико гуфт, вай бовар дорад, ки Сенати кишвараш паймони нави коҳиши аслиҳаи стротегӣ бо Русияро ба тасвиб мерасонад. Вале вай ҳамзамон дархост кард, ки қонунгузорон ба хотири дифоъ аз амнияти миллии Амрико ин корро ҳар чӣ зудтар анҷом диҳанд.

"Вақте, ки Сенат бармегардад, бояд зудтар амал кунад, зеро амнияти миллии мо дар хатар аст. Зарурати тасвиби фаврии паймон вуҷуд дорад, зеро мо ҳоло замонати контроли тадобир бо Русияро надорем, ки аз он манофеи амнияти миллии мо осеб мебинад".

Мӯҳлати паймони пешини Амрикову Русия дар ин бора моҳи декабри соли гузашта ба поён расид. Кумитаи равобити хориҷаи Амрико ҳафтаи гузашта райдиҳӣ роҷеъ ба паймони навро ба таъвиқ андохт ва то миёнаи моҳи сентяр ба таъхир гузошт. Паймони навро моҳи апрел Барак Обама ва Дмитрий Медведев руасои ҷумҳури ду кишвар имзо карда буданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG