Пайвандҳои дастрасӣ

Русия сӯхтор дар минтақаҳои радиоактифро таъйид кард


Бори аввал мақомоти Русия эътироф кардаанд, ки сӯхтори ҷангалҳо дар ҷойҳое низ ба вуқуъ пайвастааст, ки аз лиҳози ташаъшуи радиоактифӣ хатарнок мебошанд. Ин дар ҳолест, ки Greenpeace ё созмони дифоъ аз муҳити зист мақомти Русияро барои изҳороташон дар бораи бехатар ҷилва додани вазъи ташаъшуи радиоактифӣ интиқод карданд. Русия мегӯяд, дар минтақаи Брянски ин кишвар, ки минтақаи хатарноки ташаъшуъ ба шумор меравад, 28 сӯхторро ҳисоб кардаанд. Ин минтақа хатарноктарин минтақаи ташаъшуъ дар ҷаҳон ба шумор меравад, зеро дар соли 1986 дар ин минтақаи ҳаммарз бо Украина фоҷеаи Чернобил рух дода буд. Коршиносон ҳушдор додаанд, ки хоки дорои ташаъшуъ метавонад бо дуди оташ ба ҳаво бархезад ва муҳитро олуда кунад.
XS
SM
MD
LG