Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба Кувайт 209 дона мушаки Патриот мефурӯшад


Дирӯз вазорати дифои Амрико ба Конгресси Амрико дар бораи нақшаҳояш роҷеъ ба фурӯши мушакҳои навъи Патириот гузориш дод. Ожонси ҳамкориҳои амнияти дифоии Амрико дар сомонаи интернетии худ навиштааст, ин мушакҳо бар зидди хатари кунуниву ояндаи мушакҳои "ҳаво ба замин"-и душман нигаронида шудааст. Қарор аст вазорати дифои Амрико ба Кувайт 209 мушаки навъи MIM-104E-и Патриот фурӯшад ва Кувайт мехоҳад системи дифои зиддимушакии худ бар зидди имкони ҳамла аз сӯи кишварҳои ҳамсояи Ховари Миёнаро танзим кунад.
XS
SM
MD
LG