Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар шӯриши зиндоне як нафар кушта, 60 кас захмӣ шудааст


Серик Хайруллин-муовини додситони вилояти Оқмулло воқеъ дар шимоли Қазоқистони гуфтааст, посбонони зиндон ва тақрибан 120 нафар нируҳои вазорати дохилаи Қазоқистон дар зиндоне, ки 9-ӯми август шӯриш бархоста буд, назмро барқарор кардаанд. Хайруллин гуфт, дар ҷараёни задухӯрд ва талошҳои худшиканҷадиҳӣ як зиндонӣ кушта, бештар аз 60 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ба гуфтаи Хайруллин, мумкин аст шумораи кушташудагон афзоиш ёбад, зеро кормандони пулис ҷустуҷӯро дар атрофи зиндони деҳаи Гранитний идома медиҳанд.
XS
SM
MD
LG