Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баёнияи генерали ироқӣ доир ба ҳузури нерӯҳои Амрико


Як мақоми баландпояи низомии Ироқ имрӯз гуфт, артиши кишвараш то як даҳсолаи дигар барои таъмини амният ба кӯмаки Амрико ниёз хоҳад дошт. Генерал Абӯбакр Зибарӣ, фармондеҳи ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Ироқ ба хабаргузории “Франс Пресс” гуфтааст, “мушкилот баъди соли 2011 шурӯъ мешавад”, зеро “артиши Ироқ соли 2020 комилан омода хоҳад шуд”. Амрико гуфтааст, ки интизор дорад, амалиётҳои низомии артишаш дар Ироқро то 31 август хотима дода ва теъдоди сарбозонашро то 50 ҳазор нафар коҳиш медиҳад. Ҳоло дар Ироқ 64 ҳазор сарбози Амрико мустақар шудаанд. Абӯбакр Зибарӣ гуфтааст, “Агар аз ман доир ба ихроҷи сарбозон мепурсиданд, ман ба сиёсатмадорон мегуфтам, артиши Амрико бояд то соли 2020 то замони комилан омода шудани артиши Ироқ бояд бимонад”.
XS
SM
MD
LG