Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар нахустин рӯзи моҳи Рамазон аксари ресторан ва ошхонаҳои Душанбе низоми кори худро тағйир дода, фақат вақти ифтор мизу дастурхони худро оро медҳанд. Ин ҳам ба хотири ҷилавгирӣ аз зиёни молист, зеро дар моҳи Рамазон мардуми мусалмони Тоҷикистон умдатан ба ошхонаҳо кам сар мезананд.

Бархеи дигар аз ошхонаҳо дари худро баста гилему дастурхони худро умуман ҷамъ кардаанд. Ин ошхонаҳо то як моҳи дигар таътил хоҳанд буд.

Яке аз ресторанҳои маъруфи пойтахт бо номи Бохтариён низ сӯбҳи имрӯз дари худро баст ва ҳатто навиштаҷоти пештоқи ресторанро барканданд. Замоне, ки мо ба саҳни ин ресторан омада будем, охирин курсию мизҳоро ҷамъ намуданд.


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG