Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия мегӯяд, "сабабе барои воҳима нест"


Мақомоти Русия имрӯз бори нахуст таъйид карданд, ки оташ баъзе аз ҷангалзорҳои манотиқи олуда ба маводи радиоактивро фаро гирифтааст. Як рӯз пештар аз ин созмони зистмуҳитии Гринпис мақомоти Русияро муттаҳам кард, ки хатари ихроҷи маводи хатарноки радиоактив бар асари ҷангалсӯзиҳоро кам нишон медиҳад. Мақомоти Русия гуфтанд, дар зарфи чанд рӯзи гузашта сӯхтор дар 269 гектар ҷангал дар 26 маҳалли минтақаи Брянск сабт шудааст, ки бар асари фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил дар соли 1986 ниҳоят олуда шудааст. Алексей Бобринский, муовини мудири “Росселхоззашита” гуфтааст, бо вуҷуди онки оташсӯзӣ ба манотиқи олуда ҳам расидааст, вале олудагиҳо дар зери замин аст ва ҳеҷ сабабе барои воҳима нест. Коршиносон ҳушдор додаанд, ки эҳтимоли ба ҳаво бархостани олудагиҳои радиоактив бар асари ҷангалсӯзиҳо вуҷуд дорад.
XS
SM
MD
LG