Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори намояндаи СММ дар мавриди Покистон


Фиристодаи махсуси Созмони Милал барои рафъи паёмадҳои фалокатҳои табиӣ дар Покистон имрӯз ҳушдор дод, ки тундравони мусаллаҳ метавонанд, бо фаъолият дар миёни мардум беҷошуда ин фалокатро ба манфиатҳои худ истифода баранд. Жан Маурис Риперт, гуфт, тундравон бо истифода аз мусибати мардуми бесарпаноҳмондаи Покистон барои ҳадафҳои сиёсиву тундравони худ баҳра бардоранд. Пештар аз ин гурӯҳи Толибон ба ҳукумати Покистон ҳушдор дод, ки тамоми кӯмакҳои хайрияи кишварҳои ғарбиро напазиранд, зеро ба гуфтаи гурӯҳ ин кӯмакҳоро мақомоти фосид аз худ хоҳанд кард. Ин дар ҳолест, ки Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо гуфтанд, ки кӯмакҳояшон ба Покистонро то ба 55 миллион доллар афзудаанд. Жан Маурис Риперт, намояндаи вижаи Созмони Милал мегӯяд, селобҳо дар Покистон ба зиндагии 14 миллион нафар асар гузоштааст. Дар ин фалокат ҳамчунин 1600 нафар ҷон додаанд.
XS
SM
MD
LG