Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рейтинги FIFA: Тоҷикистон 11 зина поин шуд – 148-ум


Тоҷикистон дар феҳрист ё рейтинги навини FIFA (Федеросиюни байнулмилалии футбол), ки 11-уми август нашр шудааст, байни 207 дастаи миллии кишварҳои ҷаҳон 11 зина поин шуд ва дар ҷои 148-ум қарор гирифтааст.

Тоҷикистон миёни ҷамоҳири собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ танҳо аз Қирғизистон пеш аст. Русия миёни ин кишварҳо дар ҷои аввал ва дар феҳристи ҷаҳонӣ 1 зина боло шуд - ҷои 16-ум. Укроин дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ дуввум ва дар ҷаҳон 24-ум аст.

Мавқеъи дигар дастаҳои миллии кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар феҳристи FIFA: 49 (50-ум буд) Латвия. 52 (52) Литва. 78 (77) Беларус. 88 (87) Узбакистон. 89 (89) Молдова. 94 (95) Эстония. 96 (96) Арманистон. 105 (106) Озарбойҷон. 110 (111) Гурҷистон. 125 (126) Қазоқистон. 133 (136) Туркманистон. 148 (137) Тоҷикистон. 163 (165) Қирғизистон.

Дастаи миллии Испания, қаҳрамони нави ҷаҳон, дар феҳристи навини FIFA мисли пешин дар ҷои аввал аст. Мавқеи нӯҳ дастаи дигари пешсаф низ тағйир наёфтааст. Ҳолланд, барандаи медали нуқраи Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010, дар ҷои дуввум ва Бразил дар ҷои севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Олмон, Аргентина, Уругвай, Инглистон, Португол, Миср ва Чили ҷойгир шудаанд.

Тоҷикистон дар байни 46 мунтахаби кишварҳои Осиё дар ҷои 29-ум қарор дорад. Даҳгонаи беҳтарини Осиё дар рейтинги ФИФА: 1. Австралия (дар ҷаҳон – 20-ум). 2.Ҷопон (32). 3.Кореяи Ҷанубӣ (44). 4. Эрон (65). 5. Баҳрайн (68). 6. Арабистони Саудӣ (70). 7. Чин (77). 8. Уммон (81). 9. Кувайт (85). 10. Узбакистон (88).

Бояд тазаккур дод, натиҷаи беҳтарини дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар рейтинги FIFA ин ҷои 114-ум дар моҳи июли соли 1997 мебошад. Натиҷаи аз ҳама пасти Тоҷикистон ҷои 180-ум аз рӯи натиҷагирии моҳи июли соли 2003-юм буд.

Феҳристи навбатии FIFA 15-уми сентябри соли 2010 нашр хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG