Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду маргталаб дар як масҷиди Афғонистон


Пулиси Афғонистон мегӯяд, ду бомбгузори маргталаб ҳангоми сохтани камарбанди мунфаҷира дар масҷиде дар шаҳри Фароҳ ба ҳалокат расиданд. Муҳаммадфақир Аскар, раҳбари пулиси вилоят гуфт, камарбанди мунфаҷираи ҳарду нафар ба таври ногаҳонӣ таркида ва нисфи масҷидро хароб кардааст. Имоми масҷид, ки ба ҳамдастӣ бо он афрод муттаҳам мешавад, баъди фирор аз маҳалли ҳодиса дастгир шудааст.
XS
SM
MD
LG